Ба сиркбози ҷавони тоҷик дар Фестивали байналмилалӣ дар Қазоқистон баҳои баланд доданд

Июль 6, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сиркбози ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар Фестивали байналмилалии «Акси садои Осиё» ҳунарнамоӣ карда, аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон сазовори баҳои баланд гардид.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур  дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон 29 июн оғоз ёфта, то 11 июли соли равон идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он ҳунарпешаҳои сирк аз Тоҷикистон, Россия, Украина, Беларус, Англия, Булғористон, Ветнам, Миср, Чин, Қирғизистон, Муғулистон ва  Ӯзбекистон иштирок доранд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур муаррифии санъати сиркӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳои гуногун мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Муҳаммад Шарифзода сиркбози ҷавон ва боистеъдоди тоҷик буда, дар чандин озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои арзанда гардида, обрӯи сирки тоҷикро баланд бардоштааст.

Июль 6, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад