«БУВАД ДАРДИ МАНУ ДАРМОНАМ АЗ ДӮСТ…». Ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ бахшида мешавад

Июль 30, 2019 16:33

ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сисерони бузург фармудааст: «Дар ҷаҳон чизе беҳтар ва гуворотар аз дӯстӣ нест, дӯстиро истисно кардан аз ҳаёт мисли он аст, ки дунёро аз нури хуршед маҳрум созӣ».

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ ҳар сол 30 июл бо қарори  Ассамлеяи Генералии СММ аз 3 майи соли 2011  ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора   ба мулоҳизаҳои Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯбдулло Рӯдакӣ таваҷҷуҳ намоед.

 Имрӯз башарият бо таҳдид ва  хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, аз ҷумла муфлисӣ, зӯроварӣ, вайронкунии ҳуқуқи инсон. Ин зуҳурот таҳдид ба осоиши байналмилалӣ, бехатарӣ, устувории пояҳои ҷомеа дошта,  дар байни одамон  ва халқҳо парокандагию ҷудоӣ ба вуҷуд оварда, ба пешрафти ҷомеа монеа эҷод мекунад. Барои истодагарии муваффақона алайҳи  хатарҳои номбурда бубояд сабабҳои пайдоиши онҳоро решакан намуд. Ин корро танҳо тавассути  ҳамдилию ҳамбастагие, ки дар шаклҳои гуногун метавонад ба зуҳур ояд, амалӣ намудан мумкин аст. Дар навбати аввал дӯстист,  ки моро ба ҳам наздик мекунад. Бо ҳам мо метавонем ба ризоият бирасем, шароити шоистаро барои мавҷудияти  инсонҳое, ки мекӯшанд дунёро беҳтар гардонанд, ба вуҷуд оварем.

Асоси ғоявии  санаи навро Изҳорот ва барномаи  амал дар самти фарҳанги сулҳ ва даҳсолаи фарҳангу сулҳ ва зиндагии бидуни зӯроварӣ ба манфиати тамоми сайёра (фарогири солҳои 2001—2010) ташкил дод.

СММ  ба сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ пешниҳод кардааст, ки ин рӯзро  мувофиқ ба суннатҳои миллии ин ё он кишвар қайд карда, ташаббус ва чорабиниҳоеро роҳандозӣ намоянд, ки ба қувват гирифтани ташкилотҳои байналмиллалӣ кумак намоянд ва ба равнақи гуфтугӯи тамаддунҳо, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу оштӣ мусоидат кунанд.

Дар изҳорот муҳимияти санаи нав дар таҳкими муносибатҳои дӯстона дар байни халқҳои гуногун таъкид шудааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст: «Дӯстии байни халқҳою фарҳангҳо ва одамони алоҳида метавонад ба неруи сулҳхоҳӣ тавон бахшида, ба сохтмони пулҳои нав дар байни ҷомеаҳое, ки гуногунии фарҳангҳоро мепарастанд, мусоидат намояд».

Илова бар ин яке аз ҳадафҳои Рӯзи байналмилалии дӯстӣ ҷалб кардани ҷавонон, аз ҷумла сарварони оянда ба масъалаҳои ҷамъиятиест, ки ба қабули мусбати фарҳангҳои гуногун кумак мерасонанд.

Ҳамоно дар бисёр кишварҳои  дунё ҳамасола чорабиниҳое гузаронида мешаванд, ки алоқа ба тарғиби дӯстӣ ва муносибати хайрхоҳона бо олами атроф доранд. Имрӯз ба онҳо Барномаи Рӯзи дӯстӣ зам шудааст.

Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии дӯстӣ, ки аз ҷониби СММ таъсис дода шудааст, ягона ид дар ин самт набуда, ҳар сол 9 июн  Рӯзи байналмилалии дӯстон низ  қайд карда мешавад.

Хуллас, дӯстӣ барои инсоният беҳтарин  арзиш ва  дастовардест, ки  дар ҷодаҳои худшиносиву расидан ба асолати худ, тинҷиву осоиштагӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори хуррам раҳнамост. Неруи созандаи дӯстист, ки инсонҳо дар рӯи замин бо умеду адолату муҳаббат зиндагӣ доранд. Маҳз дӯстӣ инсонҳоро дар муҳити  муҳаббату меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва шодиву фараҳ нигаҳ медорад, ба инсонҳо неруи созанда, умеду бовар ба фардо мебахшад.

Дӯстию бародарӣ бузургтарин ойинест, ки дар тӯли қарнҳо метавонад таъсири бузург ва мусбатро дар ҳаёти моддию маънавӣ ва маданию фарҳангӣ ба бор биёрад.

Дар фарҳанги башардӯстонаи миллати мо дӯстиву рафоқат, суннатҳои ҳамсоягиву дастгирӣ аз ҳамсояҳо, расидан  ба  сарвақти ҳамдигар, баровардани ҳоҷатҳои ҳамдигар собиқаи дерин дорад. Ҳадафи тамоми маросими халқиву миллии мо ҳаммаромиву баҳамоии инсонҳо ва таҳкими дӯстӣ мебошад. Беҳуда нест, ки бузургони гузаштаву имрӯзаи мо ситоиши дӯстӣ кардаю фазилатҳои онро сурудаанд.  Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ гуфтааст:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Бобо Тоҳири Урён ҳанӯз дар асри даҳ ба дӯстӣ чунин баҳои баланд дода буд:

Бувад дарди ману дармонам аз дӯст,

Бувад васли ману ҳиҷронам аз дӯст.

Агар қассобам аз тан вогирад пӯст,

Ҷудо ҳаргиз нагардад ҷонам аз дӯст!

Дӯстӣ ойинаест, ки дар он зиндагӣ ва рӯзгори  шоиставу зебо таҷассум меёбад. Душманӣ,  баръакс, нотинҷиву харобӣ ба бор меорад, исонҳоро маъюсу дилшикаста мегардонад, ободиҳоро хароб месозад, халқҳоро хонабардӯшу  бадбахт мекунад. Аз ин рӯ Ҳофизи бузургвор  низ гуфтааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Мо, тоҷикон миллати сулҳпарвару дӯстхоҳем, фарҳанги ҳазоронсолаамон, рӯҳияи инсонии халқамон далели гуфтаҳои болост.  Тамоми суннатҳо, одоби миллии халқи мо башардӯстонаву инсонпарварона мебошад. Аз ҷумла, Наврӯзи хуҷастапайи мо худ ойинаи сулҳу салоҳу дӯстиву ҳамдилии инсонҳову халқҳост. Ва яке аз суннатҳои волои Наврӯзи мо он аст, ки  дар ин рӯз одамон гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд  ва душманон дӯст мешаванд. Ин яке аз шартҳои Наврӯзи Аҷам аст, ки ғояти баланди сулҳу дӯстиву инсонигарист.

Аз ин рӯ сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон, Пешвои миллатамон низ инсондӯстонаву башардӯстона аст ва сиёсати дарҳои кушоди мамлакат чунин маъно дорад, ки дарҳои мо ҳамеша ба рӯи дӯстон бозанд.

Диёри мо диёри сулҳу ёрист,

Диёри меҳру ишқу дӯстдорист,

Ба хокаш дона резад, сулҳ рӯяд,

Аҷаб пурфайзу пурэҳсон диёрест.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2019 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ