ДАР ДУНЁ ЯК ФАЗИЛАТ ВУҶУД ДОРАД ВА ОН ҲАМ ОГОҲИСТ!.. Аз силсилаи маводҳо, ки зимни аксияи умумимиллии «Мо – зидди таассуб ва ифротгароӣ!» ба АМИТ «Ховар» ворид мешаванд

Июль 19, 2019 11:04

ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Донишманд ва файласуфи немис Мартин Лютер, ки яке аз рӯҳониён ва фақеҳони  замони худ маҳсуб меёфт ва китоби муқаддаси масеҳиён «Инҷил»-ро ба забони олмонӣ тарҷума кардааст,  аз моҳияти дину оин хуб бархурдор буд.  Бинобарин ӯ алайҳи хурофот, таассуб, ифротгароӣ ва  бунёдгароии динӣ ҷасурона садо баланд кардааст. Аз ҷумла, гуфтааст: «Байни инсонҳо ва Офаридгор бояд миёнараве набошад».  Миёнарав гуфта ӯ фақеҳон ва муллоҳоро дар назар дошт. Ин ақидаи ӯ, ки дар тамоми асарҳояш чун хати сурх ба назар мерасад, минбаъд, баъди садсолаҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон низ, ки чун сад соли пеш хурофот кӯшиши сар бардоштан ва монеи рушду тараққиёти ҷомеа шудан дорад, месазад гаштаю баргашта ба ҳаёт ва осори донишмандону мутафаккироне чун  Мартин Лютер  руҷуъ намоем…

Байни инсону Худо дӯконе аз дин вуҷуд надорад ва ҳамаи
инсонҳо
бидуни воситаву бидуни пардохти пулу мол барои
бахшиши гуноҳони худ
аз раҳмати Илоҳӣ бархурдор мешаванд.

                                                                                       Мартин Лютер

  …Дар Қуруни Вусто рӯҳониён биҳиштро ба мардум мефурӯхтанд ва мардуми нодон ҳам бо пардохти миқдори зиёди пул қисмате аз биҳиштро аз они худ мекарданд. Фарди доное, ки аз ин нодонии мардум ранҷ мебурд, даст ба ҳар амале зад, натавонист мардумро аз анҷоми ин кори аҳмақона боздорад, то ин ки фикре ба сараш  омад…

Ба калисо рафт ва ба рӯҳоние, ки ба мардум биҳишт мефурӯхт, гуфт:

— Қиммати ҷаҳаннам чӣ қадар аст?

Марди рӯҳонӣ тааҷҷуб карду гуфт:

— Ҷаҳаннам?

Марди доно гуфт:

— Бале, ҷаҳаннам.

Марди рӯҳонӣ бидуни ҳеҷ фикре гуфт:

— 3 танга (сикка).

Мард саросема маблағро пардохт карду гуфт:

— Лутфан, санади ҷаҳаннамро ҳам ба ман бидиҳед.

Марди рӯҳонӣ рӯи коғазпорае навишт: «Санади ҷаҳаннам». Мард бо хушҳолӣ онро гирифту аз калисо хориҷ  шуд. Ба майдони шаҳр рафту фарёд зад:

— Ман тамоми ҷаҳаннамро харидам, ин ҳам санади он аст. Дигар лозим нест биҳиштро бихаред, чун ман ҳеҷ касро дохили ҷаҳаннам роҳ намедиҳам!

Ин шахс Мартин Лютер буд, ки бо ин ҳаракат барои аз гумроҳӣ раҳо сохтани мардум талқин намуд, то дар ҷаҳон танҳо як фазилат вуҷуд дошта бошад ва он ҳам огоҳӣ буд!

Ва танҳо як гуноҳ вуҷуд дорад ва он ҷаҳл аст!

                                                                           Фархундаи ХУШНАЗАР,
                                                                    АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2019 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд