Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон доир гардид

Июль 2, 2019 13:35

ДУШАНБЕ, 02.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон беш аз 11 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз он 1,7 миллион доллар   ба содирот ва 9,6 миллион доллар ба воридот рост меояд.

Матлаби мазкур  зимни ҷаласаи шашуми Комиссияи   муштараки  ҳамкории  тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Исломии Покистон,  ки имрӯз дар шаҳри Душанбе  доир гардид, зикр шуд.

Назар ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода, дар ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки  ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Покистон ҳайати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро Вазири  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро   Вазири  энергетикаи Покистон  Умар Аюб Хон  роҳбарӣ намуда, дар он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишвар ширкат доштанд.

Зикр шуд, ки равобити иқтисодию  тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон  аз давраи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон оғоз ёфта, он соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро фаро гирифта,  беш аз пеш густариш меёбад.

Сохтори  содирот   ва воридоти маҳсулоти асосӣ бо Покистонро   дар зарфи се моҳи соли равон нахи пахта,  ангишт, шакар, меваҷот,  сабзавот, маҳсулоти фармасевтӣ  ташкил медиҳад. Инчунин  самтҳои муҳиимтарини тақвияти муносибатҳо- ин боз ҳам устувор намудани бахши тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисодиёт ва фарҳанг маҳсуб меёбад

Гуфта шуд, ки  Тоҷикистону Покистон  дар доираи фаъолияти  Комиссияи муштараки  ҳамкории  тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмии техникӣ  ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, назири иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, илму маориф ва дигар соҳаҳои  афзалиятнок густариш медиҳанд. Татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»   ва дигар лоиҳаҳои  муштарак дар бахши иқтисоду тиҷорат шаҳодати ин гуфтаҳост.

Бояд тазаккур дод, ки  дар доираи ҷаласаи шашуми  Комиссияи муштараки  ҳамкории  тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Исломии Покистон  ҷаласаҳои гурӯҳи  кории муштарак  оид ба нафту газ  ва энергетика баргузор гардиданд, ки  дар ҳошияи онҳо масъалаҳои  марбут ба ин соҳаҳо, мушкилоти мавҷуда ва  шароиту имконоти  тавсеаи  ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар интиҳои ҷаласаи Комиссияи  муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Исломии  Покистон Протокол ба имзо расонида шуд.

Баргузории  ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону Покистон дар Душанбе дар ҳолест, ки Покистон  Имрон Ҳайдарро Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуд.

Июль 2, 2019 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид