Дар Душанбе Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан доир мегардад

Июль 31, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбеи 3 август,  соати 10:00,  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Куруши Кабир» Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан доир мегардад.

Фестивали мазкурро Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади иҷрои банди 26 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»,  ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ шудааст,  баргузор менамояд.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ, тарғиби маҳсулоти онҳо ва муаррифии маконҳои сайёҳии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе аз мақсадҳои дигари Фестивал ба шумор меравад.

Меҳмонон ва сокинон дар фестивал имконият пайдо мекунанд, ки бо омода кардани яхмосҳои дӯстдоштаи худ аз наздик шинос шуда, онро истеъмол кунанд.

Яхмос — рамзи хушбахтии кӯдакист. Ин ширинии яхбаста ҳамеша барои кӯдакон ва бисёри калонсолон яке аз анвоҳои лазиз ва дӯстдошта буд ва хоҳад монд.  Таърихи ихтирои ин ширинии машҳур аз давраҳои тамаддунҳои қадимтарини Осиё — Чин ва Мовароуннаҳр сарчашма мегирад. Искандари Мақдунӣ, Наполеон ва Ҷорҷ Вашингтон яхмосро меписандиданд ва якчанд нафар барои он гувоҳномаи муаллифӣ (патент) гирифтанд.

Аз рӯи сарчашмаҳо, таърихи яхмос зиёда аз 5000 солро дар бар мегирад. Ҳанӯз 3000 пеш аз милод сарватмандони Чин  шириниҳои ба яхмос монанд истеъмол мекарданд. Онҳо барф, ях ва пораи афлесун, лимӯ ва тухми анорро бо ҳам омехта, яхмос омода мекарданд. Ҳатто Императори чинӣ Тангу дастурамали шахсии худро дар бораи тарзи омода намудани яхмос аз ях ва шир таҳия намуда буд. Дастурамал ва тарзу усулҳои омода кардани яхмос махфӣ нигоҳ дошта мешуд ва танҳо он дар асри 11 то мелод ба воситаи китоби «Шикинг» ошкор карда шуд.

То имрӯз намудҳои гуногуни ин ширинии яхбаста новобаста аз фасли сол пешкаши дӯстдорони он гардонида мешаванд. Истеҳсолгарони яхмос низ мунтазам дар ҷустуҷӯ буда, ин анвои дӯстдоштаро бо шаклу таъми гуногун ва истифодаи меваҳо пешниҳод менамоянд. Дар баробари лазиз будан, он инчунин ба саломатии шахс фоидаовар ба шумор меравад. Ҳанӯз асосгузори илми тиб Гиппократ (солҳои 460-370 пеш аз мелод) барои мустаҳкам кардани саломатӣ  истеъмоли яхмосро тавсия дода буд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи фестивал инчунин намоиш ва фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Июль 31, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад