Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мешавад

Июль 5, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли равон дар Кохи «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.

Форуми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал доир гардида, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тавонбахшӣ ва солимгардонии маъюбон мебошад.  Ин нукта 4 июл дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд,  ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода   баргузор гардида, дар кори он муовини вазир, инчунин сарпарасти соҳа Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, намояндагони вазорат ва кумитаҳои дахлдор,  роҳбарони  муасисаҳо ва иттиҳодияҳои маъюбон  иштирок намуданд.

Насим Олимзода   дар бораи зарурат ва муҳимияти гузаронидани форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбон ибрози андеша намуд.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳои ташкилии форум мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузаронидани ҷаласаҳои пленарӣ, ки мавзӯъҳои дастрасии доруворӣ ба маъюбон, таҳсилоти маъюбон, нафақаи маъюбон ва пардохти онҳо, мушкилоти маъюбон дар ҷомеа, саҳми шарикони рушд дар дастгирии маъюбон ва ғайраро дар бар мегиранд, мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки  баргузор намудани чунин форуми сатҳи баланд барои ҳалли мушкилоти масъалаҳои маъюбон дар мамлакат заминаи хубе фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаи амалро нисбат ба ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад.

Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат  оғози соли 2018  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид.

Июль 5, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд