Дар Душанбе оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ ва беҳтар намудани хизматрасониву брендинг ҳамоиш баргузор гардид

Июль 5, 2019 14:28

ДУШАНБЕ, 05.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ аз Федератсияи Россия барои кормандони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиш дар самти таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, брендинги минтақавӣ ва коркарди барномаву стратегияҳо доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори ҳамоиши мазкур мебошад, хабар медиҳад.

Мақсад аз баргузории он иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Дар ҳамоиш роҳҳои муассиру амалишавандаи рушди соҳа, ҷалби сармоягузорон ва сайёҳон баррасӣ гардида, зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори бузурги сайёҳиро дар минтақа доро мебошад. Ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва истифода аз усулҳои муосир ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони тоза мебахшад.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин ба масъалаҳои сохтани бренди мавеъҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тазаккур доданд, ки дар баробари ба талабот ҷавобгӯ намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои таърихӣ, истироҳатӣ, табобатӣ, экологӣ ва монанди инҳо, тарғиботи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон бо меъёрҳои касбӣ ва ҷолиб дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ басо муҳим ва ҳалкунанда мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокдорон ҷиҳати ҷустуҷӯ роҳҳои пешрафти соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш пагоҳ низ идома ёфта, иштирок дар он озод мебошад.

Июль 5, 2019 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад