Дар Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Рустамова байни ҷавонони аз 17 то 20-сола Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва марҳилаи дуюми он дар сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.
Бояд зикр кард, ки баргузории марҳилаи аввали мусобиқа 21 июли соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шуда, марҳилаи дуюм пас аз анҷоми марҳилаи аввал дар сатҳи минтақа ва вилоят бо иштироки беҳтарин варзишгарони маҳаллӣ доир карда мешавад.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки дастаҳо аз тамоми минтақаҳои мамлакат дар назар дошта шуда, ғолибон барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал-1976 Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки сардовари мусобиқаи мазкур Мухтор Шерғозиев муайян гардидааст.








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






