Дар минтақаи Кӯлоб 155 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардиданд
КӮЛОБ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бунёд ва барқароркунии ҷангалзор дар минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли равон 155 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, 304 гектар ҷангалҳои кӯҳна барқарор гардиданд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб Мираҳмад Давлатов ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, дар тобеияти хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб 322 ҳазору 719 гектар замин мавҷуд мебошад. Аз ин рақам 75 ҳазору 271 гектар ҷангалу бешазор, 34 ҳазору 883 гектар буттазор ва 131 ҳазору 224 гектар чарогоҳ мебошад.
Номбурда афзуд, ки ҷангалҳои нав ба тариқи кишт ва шинонидани ниҳол бунёд гардида, бештари онҳоро ниҳолони чормағз, писта ва бодом ташкил медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, нозирони ҳифзи ҷангали минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли равон 231 қонуншиканиҳои ҷангалро ошкор намуданд, ки маблағи ҷарима 31 ҳазору 171 сомониро ташкил медиҳад. Феълан дар ҳудуди хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб 20 ҳазору 590 сар ҳайвонот ва 33 ҳазору 415 сар паранда сукунат доранд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






