Дар минтақаи Кӯлоб аз 28 ҳазор пояҳои фарсуда барои интиқоли барқ 400 адади он иваз карда шуданд

Июль 16, 2019 17:02

КӮЛОБ, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқ дар минтақаи Кӯлоб яке аз мушкилоти доғи рӯз ба шумор рафта, қарздорӣ  асосан аз солҳои пеш то ба имрӯз омада расидааст. Ин нуктаро имрӯз   зимни нишасти матбуотӣ  директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» Давлат Холов ба  намояндагони ВАО  баён намуд.

Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки ҳоло дар минтақаи Кӯлоб 28 ҳазор пояҳои фарсуда барои интиқоли барқ ба қайд гирифта шуда, дар  6 моҳи соли равон  400 адади он иваз карда шуданд.

«Нақшаи ҷамъоварии пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ дар 6 моҳ 86 фоизро ташкил медиҳад.  Феълан дар минтақаи  Кӯлоб қарзи қувваи барқ ба  98 млн. сомонӣ расидааст, ки аз ин миқдор  63 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ мебошад», -гуфт муовини директор оид ба фурӯши барқ дар минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Мирзоев.

Исмоили РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор

Июль 16, 2019 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд