Дар МОИ «Данғара» ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда чор маротиба афзоиш ёфтааст, — бардошт аз сафари журналистон ба ин минтақа

Июль 24, 2019 16:51

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади шинос шудан бо фаъолият, раванди истеҳсолот ва бунёди субъектҳои нави минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати иттилоотии (Пресс-тур) журналистони АМИТ «Ховар», телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва маҷаллаи «Иқтисодчӣ» ташкил карда шуд. 23 июл саёҳат дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара идома ёфт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз ҷараёни шиносоии рӯзноманигорон иттилоъ медиҳад, намояндагони ВАО дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо фаъолият ва корҳои сохтмонии корхонаҳои гуногуни истеҳсолии МОИ «Данғара», аз ҷумла ҶДММ «Ғаюр – Саноат», ҶДММ «Ауфен», корхонаи коркарди нафт-бузургтарин дар Осиёи Марказӣ-ҶДММ «ТКОйл», терминали корхонаи мазкур ва дигар корхонаҳо дидан карданд.

Тавре муовини директори ҶДММ «Ғаюр – Саноат» Аббосшоҳ Аббосов иттилоъ дод, корхона ба истеҳсоли рангҳои синтетикӣ ва андоваҳои декоративӣ машғул мебошад. Дар айни ҳол дар корхона 30 нафар ба истеҳсоли 13 намуд рангҳо машғул мебошанд. Иқтидори маҳсулоти декаративӣ дар як шабонарӯз 36 тонна ва синтетикӣ аз 12 то 14 тонна мебошад. Дар маҷмӯъ корхона дар як сол 350 тонна рангҳои синтетикӣ ва андоваҳои декоративиро бо технологияи туркӣ ва сифати баланду нархи дастрас истеҳсол менамояд.

Ба маълумоти номбурда,  60 фоизи ашёи хом ватанӣ буда, боқимонда аз давлати Туркия оварда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона аллакай ба бозорҳои мамлакат роҳ ёфта, харидорони зиёд дорад. Роҳбарияти корхона ният дорад, ки ояндаи наздик маҳсулоташро ба бозори Афғонистон содир намояд ва айни замон гуфтушунид бо ин давлати ҳамсоя   шуруъ шудааст.

Бино ба нақли муовини роҳбари МОИ «Данғара» Сафаралӣ Тайфуров, корхонаи азими конструксияи оҳану металлӣ- ҶДММ «Ауфен»  бо 15 миллион доллари ИМА аз ҷониби сармоягузорони чинӣ сохта шудааст. Корхонаи мазкур конструксияи металлии хонаҳои то 50 — ошёна, НБО, бомпӯшҳо, пулҳо, гармхонаҳову ангарҳо ва ғайраро истеҳсол мекунад. Ба гуфти номбурда, то ин вақт аксари чунин маҳсулот аз Россия ва дигар давлатҳо ворид мешуд. Имрӯз дар ин корхона мутахассисони чинӣ ва сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Зикр шуд, ки ҶДММ «ТК-Ойл» корхонаи калонтарини коркарди нафт дар Осиёи Миёна буда, дар назар аст, ки моҳҳои наздик навбати аввали он ба истифода дода шавад. Дар айни ҳол дар он корҳои санҷишӣ  идома доранд. Дар сурати пурра ба фаъолият шурӯъ кардан корхона имкон дорад, ки як миллиону 300 ҳазор тонна нафти хомро коркард карда, аз он бензини навъи евро-3, евро-4, сӯзишвории дизелӣ, битуми сохтмонию роҳсозӣ, профей ва гази моеъ истеҳсол намояд. Ашёи хоми ин корхона аз   Қазоқистон оварда мешавад.

Сафаралӣ Тайфуров гуфт, ки баъд аз пурра ба фаъолият шурӯъ кардани корхона   дар бозори маводи сӯхти ҷумҳурӣ рақобати солим ба вуҷуд меояд. Корхона дар масоҳати 80 гектар бунёд  мешавад. Бинои маъмурӣ ва хобгоҳ барои кормандон аллакай тайёр аст. Ғайр аз ин, роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар ҷумҳурӣ 70 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ташкил намояд. Аз рӯи шартномаи байниҳукуматӣ, бояд 90 фоизи кормандон шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ бояд ҳар як минтақаи озоди иқтисодӣ терминали гумрукӣ дошта бошад. Дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик инчунин терминали ҶДММ «ТК Ойл» низ мавриди истифода қарор гирад.

Бе сохтмони зеристгоҳи пурқувват рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ғайриимкон аст. Зеро талаботи субъектҳо ба неруи барқ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, корхонаи коркарди нафт баъди пурра ба фаъолият оғоз кардан беш аз 24 мегаватт неруи барқ истеъмол менамояд.

Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор ширкати чинии «Шенсӣ» соли гузашта дар минтақа ба сохтмони  зеристгоҳ оғоз кард. Зеристгоҳ яке аз калонтарин дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, иқтидораш 250 мегаватт аст. Он аз ду трансформатори иқтидори 125 ҳазор киловолта иборат буда, дар айни ҳол пурра барои истифода тайёр аст. Ба андешаи ҳамсуҳбат, зеристгоҳ барои рушди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.

Дар айни ҳол дар МОИ «Данғара» 24 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора айни замон 9 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардаанд. Аз ҷумла, дар 6 моҳи соли  ҷорӣ  7 субъект ба маблағи 22,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол  намуданд. Сафаралӣ Тайфуров зикр кард, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта чор маротиба (ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда 5,8 млн сомонӣ) зиёд мебошад. Сармоягузорӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон зиёда аз 126 млн. сомониро ташкил дод. Аз давраи оғози МОИ «Данғара» ҳаҷми сармоягузорӣ беш аз якуним миллиард сомониро ташкил дод, ки дар ҷумҳурӣ беҳтарин нишондод аст.

Айни ҳол дар минтақа 332 ҷои кории доимӣ фароҳам оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 адад зиёд аст. Сармоягузорӣ дар 6 моҳи соли равон аз ҳисоби субъектҳои минтақа 126,8 млн. сомонӣ ва иҷрои корҳо дар  панҷ моҳ 124 млн. сомониро ташкил дод.

ДАР АКС: муовини директори ҶДММ «Ғаюр–Саноат» Аббосшоҳ Аббосов ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ посух медиҳад.

ДАР АКС: муовини роҳбари МОИ «Данғара» Сафаралӣ Тайфуров

ДАР АКС: хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ

 

 

Июль 24, 2019 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд