Дар ноҳияи Тоҷикобод доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мулоқоти судманд баргузор гардид

Июль 4, 2019 17:45

ТОҶИКОБОД, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо кормандони соҳаҳои гуногуни буҷетӣ  ва ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мулоқот доир намуданд.

Нозири калони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Ҳокимҷон Шоҳиён гуфт, ки мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳияҳои минтақа  фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон мебошад.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки муқовимат бо коррупсия  ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона,  савияи баланди  маърифати  ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа  вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани  қонунгузории миллии кишвар дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии  коррупсия  мусоидат менамояд.

Кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо мақсади  пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, паст намудани шиддати коррупсия, аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда  ва татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз рӯи нақшаи таҳиянамудаашон мунтазам  дар ноҳияҳои минтақаи Рашту Файзобод ва шаҳри Роғун бо кормандони сохторҳои гуногун вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Июль 4, 2019 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд