Дар вилояти Суғд дарсҳои омӯзишии роҳбарӣ ва идоракунии муосир гузаронида шуданд

Июль 5, 2019 15:06

ДУШАНБЕ, 5.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дарсҳои омӯзишии директорон ва аъзои роҳбарикунандаи литсейҳои касбии техникии вилояти Суғд дар доираи Барномаи омӯзиши роҳбарӣ ва идоракунии муосир дар низоми лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» (ТИКТО)-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар маркази тренингии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон аз 24 июн то 5 июли соли равон аз ҷониби тренерони таҷрибадор барои 44 нафар директорон ва як узви роҳбарикунандаи литсейҳои касбии техникии вилояти Суғд гузаронида шуданд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиён вобаста ба «Муносибати соҳибкорӣ ба идоракунии муассисаи таълимӣ», «Банақшагирии стратегӣ ва тиҷоратӣ», «Маблағгузорӣ дар асоси натиҷа», «Маблағгузории гендерӣ», «Низоми таъмини Таълим дар асоси салоҳият (ТАС)», «Низоми иттилоотии идоракунии молиявӣ», «Роҳбарият ва ташаккули сиёсат дар Таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш (ТИКТО)», «Тақвияти шарикии соҳавии муассисаҳо», «Таъмини сифат дар ТИКТО», «Низоми иттилоотии идоракунӣ (НИИ), Низоми иттилоотии бозори меҳнат (НИБМ), мониторинг ва баҳодиҳӣ» омӯзонда шуданд.

Бояд зикр кард, ки баргузории чунин тренингҳо моҳҳои июл ва августи соли равон барои директорон ва як узви роҳбарикунанда (аз ҳисоби занон)-и ҳайати 39 литсейи касбии техникии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ВМКБ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар дар назар дошта шудааст.

Ҳадафи асосии Лоиҳа мусоидат ба устувории заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба  омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Июль 5, 2019 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»