Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ба Арабистони Саудӣ сафар кард
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол барои анҷом додани ду бозии дӯстона ба Арабистони Саудӣ сафар намуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар бозиҳои рафиқонае, ки рӯзҳои 26 ва 29 июли соли равон баргузор мешаванд, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов бо худ 23 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 6 дифоъгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро сафарбар намудааст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 2 то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаҳои миллии Сурия, Ливан ва Малдив мебошанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-18) дар бозиҳои дӯстона ба муқобили Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Абдулмумин Забиров (ССКА «Помир»), Салам Ашурмамадов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Амадони Камолов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Парвиз Хоҷиев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).
Ҳайати доварон: Давлатманд Исломов – роҳбари ҳайат, Анваршо Мирзоев – чеҳраи расмӣ, Азизҷон Достиев – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббӣ, Субҳон Хоҷамов – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Баҳодур Носиров – табиб, Умар Нуров – маъмур.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






