«ДЕҲА БА ДЕҲА». Мусобиқаҳои деҳа ба деҳа идома доранд
ДУШАНБЕ, 24.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавигардонӣ ва рушди варзиш, талқини тарзи ҳаёти солим дар кишвар шуруъ аз 27 июни соли ҷорӣ Мусобиқаҳои фарогири варзишӣ таҳти номи «Деҳа ба деҳа» роҳандозӣ шудаанд, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Мусобиқаҳои мазкур, ки аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, футбол ва волейбол дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд, аз се марҳила иборат мебошанд. Марҳилаи аввали мусобиқаҳои мазкур дар сатҳи маҳаллӣ – деҳа ба деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи шаҳр ва ноҳия доир мегарданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритуз, Вахш, Роштқалъа, Шуғнон, Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич, Ваҳдат, Рашт ва Рӯдакӣ мусобиқаҳо аз рӯи намуди волейбол идома дошта, дар онҳо ҷавонон ва варзишгарони деҳот фаъолона иштирок менамоянд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Кӯлоб, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Лахш, Нуробод, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни деҳаҳо дар авҷанд.
Мусобиқаҳои «Деҳа ба деҳа» дар шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Норак, Н.Хусрав, Дӯстӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Роғун, Сангвор ва Тоҷикобод аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот варзишгарони маҳаллиро ҷалб намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва таъмини солимии миллат мусоидат намуда, барои дарёфти ва тарбияи беҳтарин чеҳраҳои варзишии кишвар замина хоҳанд гузошт.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






