Дилмурод Давлатзода: «Дар идомаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд»
ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Дилмурод Давлатзода баён дошт, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузории соҳа ва такмили тартиби пардохти нафақаҳо тариқи кортҳои бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ дар доираи идомаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ки айни замон дар сатҳи мувофиқасозӣ қарор доранд.
Ба иттилои мавсуф, шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз зиёд аст.
Номбурда зикр намуд, ки теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли равон 699 ҳазору 236 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20139 нафар ё 3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи директори агентӣ, аз рӯи ҷамъбасти нишондиҳандаҳо андозаи миёнаи нафақаҳо дар ин давра дар вилояти Суғд 292 сомониву 80 дирам, Хатлон 294 сомониву 40 дирам, ВМКБ 385 сомониву 80 дирам, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 286 сомониву 80 дирам, дар шаҳри Душанбе 408 сомониву 60 дирам ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 305 сомониву 30 дирамро ташкил дод.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд






