Душанбе ва Ҳисор — мизбони Чемпионати CAFA-2019
ДУШАНБЕ,24.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз 26 июл то 1 августи соли равон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2019) баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Аз миёни онҳо дастаи беҳтарин муайян карда мешавад.
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони мо давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир хоҳад шуд.
Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.
Хотиррасон менамоем, ки дар конгресси навбатии CAFA, ки 24 апрели соли равон дар Душанбе доир гардид, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳамзамон президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб гардид. Ӯ то соли 2023 сарварии ин ассосиатсияро бар уҳда хоҳад дошт.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






