Фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» густариш меёбад

Июль 9, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 июл дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҳамоиши мазкур довталабоне, ки  ба донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои  хориҷӣ  дохил шудаанд ва  донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, иштирок менамоянд.

Мақсади мулоқот,  пеш аз ҳама, аз муаррифӣ намудани имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавононе, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014  дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳоло маҳфил  дар 16 давлати дунё намояндагии худро дошта, шумораи аъзои он беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола  аз ҷониби маҳфил садҳо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, илмӣ- адабӣ ва оммавӣ- варзишӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.

Июль 9, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад