ФУТБОЛ: бозиҳои даври 9-уми Лигаи якуми Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и Душанбе дар даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум бар дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо ҳисоби калони 4:0 дастболо шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, нимаи аввали вохӯрӣ бидуни гол ба поён расид. Дар қисми дуюм шогирдони Зайниддин Раҳимов 4 тӯб ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд. Рустам Соиров- ҳамлагари дастаи мизбонон се дафъа дарвозаи Миралӣ Муродовро рахна кард. Як тӯби дигарро Озодбек Панҷиев ба ҳадаф расонид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Локомотив – Помир»-и Душанбе баъди ин ғалаба ба зинаи чаҳоруми ҷадвал баромад. Дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат дар ҷойи шашум қарор гирифт.
Натиҷаи бозиҳои даври 9-уми Лигаи якуми Тоҷикистон
«Локомотив-Помир» – «Ваҳдат» – 4:0
«Зарафшон» – «Равшан» – 2:2
«Дӯстӣ» – «Саройкамар» – 0:1
«Эсхата» – «Парвоз» – 3:2
«Исфара» – «Файзканд» – 1:2
«Ҳулбук» – «Душанбе-83» – 0:3
«Шоҳмансур» – «Барқчӣ» – 1:0








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






