ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» ба Ҳиндустон сафар кард

Июль 6, 2019 10:53

ДУШАНБЕ, 06.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5  июли соли равон  дастаи футболи  мунтахаби Тоҷикистон   барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» ба Ҷумҳурии  Ҳиндустон сафар кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур ширкати дастаҳои мунтахаби Сурия, Кореяи Шимолӣ ва мизбони он — дастаи мунтахаби Ҳиндустон дар назар аст. Нахустин бозии худро шогирдони Усмон Тошев дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» 7 июли соли равон бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон баргузор мекунанд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии ниҳоии хешро дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон 15  июли соли 2019  бо дастаи мунтахаби  Сурия доир менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар системаи даврӣ баргузор шуда, дар як давр ҳар як даста байни ҳамдигар бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, 19  июли соли равон  ду дастаи беҳтарин дар финал вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и шаҳри Аҳмадобод, соати 19:30 бо вақти Душанбе баргузор мешаванд.

Бояд зикр кард, ки иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Алишер Баротов («Хатлон»), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия);

Ниммуҳофизатгарон: Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Отабек Каримов, Илҳомҷон Баротов (ҳарду – «Истаравшан»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – КМВА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Июль 6, 2019 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд