ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» ба Ҳиндустон сафар кард
ДУШАНБЕ, 06.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 июли соли равон дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур ширкати дастаҳои мунтахаби Сурия, Кореяи Шимолӣ ва мизбони он — дастаи мунтахаби Ҳиндустон дар назар аст. Нахустин бозии худро шогирдони Усмон Тошев дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» 7 июли соли равон бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон баргузор мекунанд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии ниҳоии хешро дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 июли соли 2019 бо дастаи мунтахаби Сурия доир менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар системаи даврӣ баргузор шуда, дар як давр ҳар як даста байни ҳамдигар бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, 19 июли соли равон ду дастаи беҳтарин дар финал вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и шаҳри Аҳмадобод, соати 19:30 бо вақти Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд зикр кард, ки иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Алишер Баротов («Хатлон»), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия);
Ниммуҳофизатгарон: Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Отабек Каримов, Илҳомҷон Баротов (ҳарду – «Истаравшан»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – КМВА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






