ФУТБОЛ: «Истиқлол» дар бозии Лигаи олӣ дастаи «Панҷшер»-ро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Лигаи олии Тоҷикистон бо дастаи футболи «Панҷшер» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рақобат намуд.
Бояд зикр кард, ки ин дидори ҷолиб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи қаҳрамони феълии мамлакат- дастаи футболи «Истиқлол» хотима ёфт. Баъди ин пирӯзӣ дар Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 28 хол мавқеашро дар садри ҷадвали Лигаи олии Тоҷикистон мустаҳкамтар намуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозии ояндаи хешро 2 августи соли равон дар доираи рақобатҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар муқобили дастаи футболи «Барқчӣ»-и Ҳисор баргузор мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон. Бозии мавқуфмондаи даври 10-ум.
«Истиқлол» — «Панҷшер» — 2:0
Голҳо: Шериддин Бобоев, 2 (1:0). Маҳмараҷаб Ҷобиров, 50 (худгол) (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Зоир Ҷурабоев (Алексей Ларин, 65), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Комрон Турсунов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳром Сулаймонов.
«Панҷшер» (Ҷ. Балхӣ): Годсон Куйае, Маҳмараҷаб Ҷобиров, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Шавкат Худойназаров (Аҳлиддин Ёров, 87), Ҳасан Холов, Маҳмуд Ғаюров (Аюб Ҳакимов, 76), Хайриддин Турахонов (Қурбонҳусейн Ёрҳусейнов, 86), Хуршед Абдуллоев, Шарифҷон Қодиров, Сулаймон Собиров, Ҷурабек Юсупов.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






