«ГАНҶИ СУХАН» ДАР ИСФАРА. Маҳфили илмиву адабӣ ин дафъа аз чеҳраҳои фарҳангии ин шаҳр ёдоварӣ кард

Июль 22, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Исфара яке аз шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон буда, сокинони он чун дигар шаҳрвандони мамлакат дар омӯхтани илму марифат, таъриху тамаддун ва густариши фарҳангу маданияти халқи тоҷик саҳми бориз доранд. Ин нукта зимни баргузории нишасти 174-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара доир шуд, баён гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар маҳфили мазкур китобҳои тозанашри «Нигина ва Мирмалик» ва «Дорувор ба ҳар бемор» рӯнамоӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчёни маҳфил мақоми ҳавзаи Исфара дар пешрафти илму адаби муосири тоҷикро баррасӣ намуданд.

«Гуфта шуд, ки  сокинони шаҳри Исфара,  дар қатори мардуми оқилу шарафманди мамлакат дар баробари корҳои тиҷоративу боғдорӣ ба илму маориф низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти илму адаби муосири тоҷик саҳми назаррас доранд», — афзуданд дар  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зикр шуд, ки Сайфи Исфарангӣ яке аз шоирони номвари тоҷик буда, саҳми ӯ дар рушди адабиёти тоҷик назаррас мебошад. Эҷодиёти шоир пурғановат ва дорои мазмуни баланди иҷтимоиву фалсафӣ буда, дар онҳо тасвири муҳаббат, нишоту хурсандӣ, базму сурур, сафову таровати баҳор ва паҳлуҳои дигари зиндагӣ васф шудаанд. Шоир дар офаридаҳояш хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ба монанди накӯкорӣ, адлу инсоф, хирадмандӣ ва фазлу идрокро бо маҳорати баланд тарғиб намудаааст.

Ин буд, ки соли 2016 бо супориши Сарвари давлат 830-солагии шоири классики тоҷик Сайфи Исфарангӣ таҷлил гардид ва ин барномаи  адабӣ аз ҷониби мардуми маърифатпарвару фарҳангдӯсти шаҳри Исфара дар сатҳи баланд доир карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2017 зимни мулоқот бо сокинони ин шаҳр, аз ҷумла ин шоири номварро ба ёд оварда, ӯро яке аз шоирони шӯҳратёр донистанд.

«Исфара яке аз шаҳрҳои калонтарини мо буда, бо донишмандону олимон, шоирону нависандагон, табибон ва хунёгарони машҳури худ Сайфи Исфарангӣ, Мушриф ва Беҳҷати Исфарангӣ, Зебопарӣ ва Умар Ҳофиз, Лутфулло Бузургзода ва дигарон дар ҳақиқат шуҳратёр мебошад», — афзуданд Сарвари давлат дар мулоқоти болозикр.

Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр намуд, ки маҳфили имрӯза бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, дар он саҳми сокинон дар рушди ин самтҳо муфид арзёбӣ шуд.

Бояд гуфт, ки илмиву адабии «Ганҷи сухан» 16 сол инҷониб доир мегардад. Маҳфили мазкур ҳар моҳ пайваста бо иштироки олимону адибон, устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ мавзӯъҳои мухталиф ва муҳими илмиву адабӣ, сиёсиву иҷтимоиро баррасӣ намуда, дар пешрафти илму адабиёти тоҷик ва густариши фарҳангу ҳунар нақши муассир дорад. Ҳамзамон рисолати аслӣ ва асосии ин маҳфил мусоидат ба шаклгирии завқу салиқаи зебоишиносии ҷавонон буда, он дар тарғиби эҷодиёти адибону олимони ҷавон минбари озод ба ҳисоб меравад.

Зимнан, соли равон бо мақсади офаридани сухани воло ва пурмазмун тавассути шеър ва таронаву ғазалҳои нав Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» доир карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Чунин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои нав ва таълифи асарҳои пурмазмун ва баландғоя такони ҷиддӣ мебахшанд. Метавон гуфт, ки дӯстдорони маҳфили «Ганҷи сухан» метавонанд шеъру таронаҳои худро ба ин озмун пешниҳод намоянд, зеро маҳфили мазкур майдони шеъру сухани воло ва макони мубодилаи афкор ба ҳисоб меравад.

Июль 22, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд