Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин Ассамблеяи умумии Эътилофи мероси Осиё баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 29 ноябр дар шаҳри Чунксини Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин Ассамблеяи умумии Эътилофи мероси Осиё ва ҷаласаи сеюми Шурои Эътилофи мероси фарҳангии Осиё баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир ба ин ҳамоиши сатҳи баланд ва рушди муносибатҳои фарҳангӣ сухан гуфт.
Ҳамчунин дар ҳошияи баргузории ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фарҳангу санъат изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд байни муассисаҳои таълимӣ, омоданамоии мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






