ГУРГОН ДАР ПӮСТИ ГӮСФАНД. Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат мисли аксар ҳизбу ҳаракатҳои дигар ба бозичаи дасти давлатҳои абарқудрат табдил гардидааст

Июль 22, 2019 17:04

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Воқеан, ҳаёти кишварҳои мусалмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста гардидааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз алайҳи ин ҳизбу ҳаракатҳои хатарнок бархоста, зидди онҳо муташаккилона мубориза бурда истодаанд.

Тоҷикистони азиз дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии хеш ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қатлу ғорат, идеологияи зиддимиллӣ ва харобкориҳои зиддибашарии ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо дар амн набуд.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик, зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода муваффақ шуд. Мутаассифона, дар ҷомеа ҳизбу гурӯҳҳое пайдо гардиданд, ки бо истифода аз эътиқоди мардуми мусалмони кишвар дини мубини исломро ҳамчун василаи ноил гардидан ба манфиатҳои ғайриинсонии худ истифода намуданд. Ин ҳолат сабаби сар задани низоъҳои сангин дар ҷомеаи тозаистиқлоли мамлакат гардид. Аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад.

Пӯшида нест, ки низоми сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми садаи гузашта бунёди ақидатӣ дошт. Маҳз аз ҷониби ТЭТ ҲНИ амну суботи ҷомеа, ки орзуву ормони ҳар як сокини мамлакат ба шумор мерафт, хароб гардида, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вартаи завол қарор гирифта буд. Ин гурӯҳ тавассути суиистифодаи шиорҳои динӣ дар байни мардум ҷудоӣ андохта, бародарро бо бародар, падарро бо писар душман сохт. ТЭТ ҲНИ бо кумаку пуштибонии “дӯстони хориҷиаш” кӯшиш ба харҷ дод, ки исломи суннатӣ (ҳанафия)-ро дар мамлакат ба исломи бунёдгаро табдил диҳад ва тамоми масоили ҷамъиятию сиёсиро на дар асоси принсипҳои давлати демокративу дунявӣ, балки тибқи талаботи исломи бунёдгарои сиёсикунонидашудаи бегона ҳал кунанд. Хушбахтона, ба туфайли заҳмату талошҳои пайвастаи халқи шарифи тоҷик ва асилзодаҳои Ватани азизамон ТЭТ ҲНИ натавонист он ҳадафу вазифаҳоеро, ки аз ҷониби хоҷагонашон бар дӯш гирифта буданд, амалӣ гардонад.

Бо риоя аз принсипҳои дунявият ва бо мақсади бунёди ҷомеаи демократӣ, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаҳмиши дурустро дар масъалаи табодули тарафайни давлату дин ташаккул дод. Вале ТЭТ ҲНИ пайваста дунявиятро ҳамчун яке аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ инкор намуда, онро ба мардум ба тавре шарҳ медод, ки гӯё он ба дин комилан мухолиф ва оштинопазир буда, аз ин рӯ маънои бединиро дошта бошад. Ҳамин гуна ақидаҳои пучу ботили ин ташкилот буд, ки сабабгори валангор гардидани шаҳру навоҳии мамлакат, авҷ гирифтани  оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва кушта шудани зиёда аз сад ҳазор мардуми осоишта гардид. Оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли ТЭТ ҲНИ дар даҳаи охири асри гузашта баръало мушоҳида кардем, ки ҳанӯз аз хотироти мардум он ҳодисаҳои шум зудуда нашудаанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита бо ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз сиёсати инсонсолории худ иқдом намуд. Аммо ин гургсифатон чун гург дар пӯсти гусфанд ба таври пӯшидаю пинҳонӣ аз ин сиёсат суиистифода карданд. Ҳодисае ки шаби 4 сентябри соли 2015 ба амал омад, далели возеҳи он аст, ки ТЭТ ҲНИ дар ҳақиқат ташкилоти террористии зиддиинсонӣ ва аҳриманист.

Шоёни зикр аст, ки барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқанд, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошад ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё созанд. Аз ин нигоҳ, онҳо аз ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд, нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, ба ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои ифротӣ роҳ кушоянд. Ва ин ҳолатро барои барангехтани низоъҳои сиёсии мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ суиистифода менамоянд.

Хулоса, ТЭТ ҲНИ мисли аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои дигар ба бозичаи дасти давлатҳои абарқудрат ҳамчун абзори амалисозии манфиатҳои фаромиллӣ ва фароминтақавии онҳо табдил гаштааст. Бино бар ин, ТЭТ ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти экстремистию террористиро дорост, ки имрӯз чунин ташкилотҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтаанд, ки мисоли инро дар чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мо мушоҳида дорем.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Вазифаи ҳар як фарди вадандӯст, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии таҳрикдиҳандаи сафинаи давлатдории мамлакати азизамон ба ҳисоб мераван,д аз он иборат аст, ки фирефтаи макру найранги сиёсиву идеологии ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки гургон дар пӯсти гӯсфанд ҳастанд, нагарданд.  

                                                                                    Абдуллоҷон ЗОҲИДОВ,
сокини шаҳри Кӯлоб

Июль 22, 2019 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст