Имрӯз дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

Июль 4, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдулло Командир, Шероз, Шевченко, Бухоро, хонаҳои №№1-28 ва Ҳабибулло Назарови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и 3 июл то соати 24:00-и  4 июли соли  равон муваққатан қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  сабаби    муваққатан қатъ намудани интиқоли оби  нӯшокӣ дар кӯчаҳои номбурда   пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 426 мм дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин бо ин қарор Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  уҳдадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Июль 4, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд