КАЙ ПОЛИТСИЯ ТАЪСИС МЕЁБАД? Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад

Июль 23, 2019 16:01

ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад. Дар ин самт аллакай 60-70% корҳо анҷом дода шудаанд», — гуфт Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иловаи ӯ, ҳанӯз гуфтан барвақт аст, ки оё дар Тоҷикистон соли 2021 политсия мешавад ё на. Вазорат дар иртибот ба ин лоиҳаи қонунро таҳия намуд, ки он дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

«Барои татбиқи пурраи ислоҳот 60 миллион доллар зарур аст. Бо мақсади татбиқи сиёсат оид ба ислоҳоти милитсия як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

«Дар доираи ислоҳоти милитсия Маркази санҷишӣ барои кормандони милитсия ҷиҳати гузаронидани санҷиши сатҳи саводнокӣ ҳангоми ба кор қабул шудан, гузаронидан аз як мансаб ба мансаби дигар, додани рутбаи ҳарбӣ, пешниҳод ба мукофотҳои давлатӣ таъсис дода шуд. Инчунин 35 шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия таъсис дода шуд, ки бо тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ дар саросари мамлакат ҳамкорӣ мекунанд. Биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ дар саросари ҷумҳурӣ бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки ба шаффофияти кори кормандон боис мегардад. Дар доираи ислоҳоти милитсия телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ташкил шуда, инчунин дар вилоятҳо ва шаҳрҳои калон телефонҳои боварии сардорони РВД фаъоланд», — тазаккур дод Вазири корҳои дохилӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон се санади муҳим таҳия ва қабул карда шуданд: Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи барнома барои солҳои 2013-2020.

 

Июль 23, 2019 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд