Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: «Иморатҳои Душанбе ба заминҷунбӣ тобовар ҳастанд»

Июль 19, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 19.07.2019./АМИТ Ховар/. Иморатҳое, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд, аз рӯи меъёрҳои сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар мебошанд. Ин нуктаро имрӯз, 19 июл  зимни нишасти матбуотӣ  Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода  иброз дошт.

Ба иттилои номбурда, айни замон дар ҷумҳурӣ  хонаҳои монолитии сохти каркасӣ месозанд, ки ҳангоми таҳияи тарҳи лоиҳаҳои он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба инобат гирифта мешаванд.

«Зилзилае, ки соли 2016 дар Душанбе рух дода буд, муайян намуд, ки иморатҳо ба заминҷунбӣ тобовар ҳастанд. Пас аз ин заминҷунбӣ мо дар Душанбе мониторинги ҳамаи иморатҳоро гузарондем ва муайян намудем, ки ягон иморат аз заминларза осеб надидааст»,- илова намуд номбурда.

Ба гуфтаи номбурда, дар давраи шӯравӣ меъёрҳои дақиқ оид ба сохтани хонаҳои панелҳояшон калон, баландтар аз 9 ошёна вуҷуд дошта, ҳатто хонаҳои монолитии то 16-ошёна низ сохтан мумкин буд.

Инчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба  баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шудааст.

Комиссияи мазкур барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии  биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо  хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.

Июль 19, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд