Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: «Иморатҳои Душанбе ба заминҷунбӣ тобовар ҳастанд»
ДУШАНБЕ, 19.07.2019./АМИТ Ховар/. Иморатҳое, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд, аз рӯи меъёрҳои сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар мебошанд. Ин нуктаро имрӯз, 19 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода иброз дошт.
Ба иттилои номбурда, айни замон дар ҷумҳурӣ хонаҳои монолитии сохти каркасӣ месозанд, ки ҳангоми таҳияи тарҳи лоиҳаҳои он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба инобат гирифта мешаванд.
«Зилзилае, ки соли 2016 дар Душанбе рух дода буд, муайян намуд, ки иморатҳо ба заминҷунбӣ тобовар ҳастанд. Пас аз ин заминҷунбӣ мо дар Душанбе мониторинги ҳамаи иморатҳоро гузарондем ва муайян намудем, ки ягон иморат аз заминларза осеб надидааст»,- илова намуд номбурда.
Ба гуфтаи номбурда, дар давраи шӯравӣ меъёрҳои дақиқ оид ба сохтани хонаҳои панелҳояшон калон, баландтар аз 9 ошёна вуҷуд дошта, ҳатто хонаҳои монолитии то 16-ошёна низ сохтан мумкин буд.
Инчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шудааст.
Комиссияи мазкур барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






