МЕҲМОНХОНАИ «ДИПЛОМАТ». То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Душанбе 9 меҳмонхонаи нави замонавӣ бунёд мегарданд

Июль 15, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ  шудааст. Меҳмонхонаи «Дипломат» яке аз онҳост,  ки  дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтар №3, ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» бунёд гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ, маркази савдо, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

Меҳмонхонаи «Дипломат» дар маҷмӯъ аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 40 ҳуҷраи стандарт,  19 люкс, 20 нимлюкс ва як ҳуҷраи президентӣ иборат мебошад.

«Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрҷабҳаи серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бунёд менамояд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Себистон-2018» мехмонхонаи замонавии «Grand RudakITower»-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ, инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ  меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни  миллӣ бунёд хоҳанд кард.

Тибқи  иттилои манбаъ, ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.

«Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз утоқҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зеризаминӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом, толори  синамо, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳаз мебошанд»,- афзуд  манбаъ.

Хотиррасон мешавем, ки 11 июл дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи 9 меҳмонхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, аз ҳозир тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гӯшаҳои фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Дар ин зимн, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки «мо метавонем бори дигар фарҳанги баланди тамаддунофарии миллатамон, неъматҳои моддӣ ва маънавии сарзамини аҷдодиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд