Медалҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуданд

Июль 25, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. То Бозиҳои олимпии Токио-2020 расо як сол боқӣ мондааст. Ба ин муносибат дар Токио зимни Форуми байналмилалии «1 сол то Токио-2020» намунаи медалҳои Бозиҳои олимпии соли 2020 муаррифӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба омода кардани медалҳои Бозиҳои 32-юми Олимпиада озмун эълон гардида буд, ки дар он 400 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа амали директори Ассотсиатсияи дизайнерони Япония Ҷунишӣ Каванишӣ интихоб гардид.

Дизайни медали Токио-2020 консепсияеро ифода мекунад, ки варзишгарон барои расидан ба мақсад ҳар рӯз талош кунанд. Медал санги дуруштро ба ёд меорад, ки суфта шудааст ва акнун ҷило медиҳад ва рамзи неруи варзишгарон ва онҳоеро, ки варзишгаронро дастгирӣ мекунанд, ифода менамояд. Дизайни медал гуногуниро ифода карда, ҷаҳонеро нишон медиҳад, ки нисбат ба инсонҳое, ки дар варзиш ва кор фаъол мебошанд, эҳтиром қоил аст. Дурахши медал рамзи дӯстии қавии сокинони сайёраро ифода мекунад.

Тибқи талаботи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯи медал ҳатман бояд элементҳои зеринро дошта бошад, ки дар медали Токио-2020 истифода шудаанд:
— Nike, олиҳаи пирӯзии Юнони қадим дар рӯбарӯи Варзишгоҳи Панатинаикос;
— Номи расмии бозиҳо;
— Рамзи олимпӣ (панҷ ҳалқа).

Характеристикаи медалҳо:
— Диаметр — 85мм
— Қисмати аз ҳама тунук: 7,7мм
— Қисмати ғафс: 12,1мм
— Вазни медали тилло: 556 грамм (6 грамм тилло, 550 грамм нуқра)
— Нуқра: 550 грамм (пурра нуқра)
— Биринҷӣ: 450 грамм (95% мед, 5% руҳ)

Зикр кардан ба маврид аст, ки металлҳои истифодашаванда барои медалҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз таҷҳизоти кӯҳнаи электронӣ, мисли телефони мобилӣ ва телевизору радио зимни як аксия аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои XXXII олимпӣ аз рӯи намудҳои тобистонаи варзиш аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешаванд.

 

Июль 25, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд