Мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикободро кӣ ҳал мекунад?

Июль 16, 2019 11:55

ТОҶИКОБОД, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби  маркази ноҳияи Тоҷикобод солҳои тӯлонист, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ, махсусан дар фасли зимистон  азоб мекашанд. Онҳо барои гирифтани оби тозаи нӯшокӣ соатҳо интизор мемонанд. Хатҳои оби нӯшокии Кӯҳдоман бо масофаи 8 км ва Себистон бо масофаи 12 км даҳсолаҳо мешавад, ки қисман оби нӯшокии маркази ноҳияро таъмин менамоянд. Имрӯзҳо аз сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани  лӯлаҳои ин хатҳои оби нӯшокӣ талаботи шаҳрвандон бо об пурра қонеъ намегардад.

Мутаассифона, дар  буҷаи Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ  ва таъмиру тармими  хатҳои обӣ нӯшокӣ  маблағ пешбинӣ нагардидааст, аз ин рӯ маъмурияти ҷамоат имконияти бартараф кардани  чунин норасоиҳоро надорад. Новобаста ба ин ҳолат онҳо бо роҳи ҳашар дар  ҳамкорӣ бо  кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия мунтазам лӯлаҳои фарсудаи ин хатҳои обро таъмири ҷорӣ менамоянд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ, ки соли 2016 зимни сафари кориашон  ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дода буданд, лоиҳаи хати оби нӯшокиро аз мавзеи Валвала бо масофаи 20 км омода намудаанд, вале аз сабаби пайдо нагардидани сарчашмаҳои маблағгузорӣ  то имрӯз ин лоиҳа амалӣ нашудааст.

Ин аст, ки мушкилоти оби нӯшокии маркази ноҳия, махсусан дар фасли зимистон ташвишовар боқӣ мемонад. Маркази ноҳияи Тоҷикобод 2440 нафар аҳолӣ ва 32 ташкилоту муассиса дорад, ки ҳамагӣ ба мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ гирифторанд.

 

Июль 16, 2019 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд