Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ду медали тилло ва як нуқра шуданд

Июль 24, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21 июли соли равон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтеновҳо дар шаҳри Қустанайи  Ҷумҳурии Қазоқистон 20-умин  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 105 нафар варзишгар аз 6 давлат – Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 нафар варзишгар – Сорбон Каримов (49кг), Муродҷон Ёқубов (52кг), Шамшер Саидов (64кг), Далерҷон Шарипов (60кг), Шоҳрух Ҷиянов (69кг), Рамоил Қурбонов (75кг) ва Абдулло Кенҷаев (75кг) ширкат намуда, ба гирифтани ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра мушарраф шуданд.

Медали тиллоро Рамоил Қурбонов дар вазни 75 кг ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар Иля Медяник, дар нимфинал бар Бекболат Абдулкарим ва дар финал бар Одил Соттибеков (ҳар се аз Қазоқистон) пирӯз шуд.

Медали нуқраро Сорбон Каримов дар вазни 49кг сазовор гардид. Сорбон дар чорякфинал Арал Бозорбоев, дар нимфинал Дамир Маналибоевро шикаст дода, дар финал аз Темирлан Айтан (ҳар се аз Қазоқистон) мағлуб шуд.

Июль 24, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад