НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Ҳайдар Одиназода масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ ва квота донишгоҳро хатм намудаанд, нигаронкунанда номид

Июль 12, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 12.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Ҳайдар Одиназода имрӯз, 12 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ ва квота донишгоҳро хатм намудаанд, нигаронкунанда номид.

Ба зикри мавсуф, донишҷӯёне, ки тариқи квота донишгоҳҳоро хатм мекунанд, бояд ҳатман бо ҷойи кор таъмин шаванд.

«Хатми донишҷӯён натиҷагирӣ аз заҳмати чорсолаи таҳсили онҳо дар  донишгоҳ аст. Аммо барои донишҷӯёни таҳсили буҷавӣ гоҳо мушкилоти таъмин шудан бо ҷойи кор ба миён меояд»,- иброз дошт Ҳайдар Одиназода.

Ба зикри номбурда, нисбат ба ин масъала ҳатто аз баъзе вазорату идораҳо ба унвони донишгоҳ мактуби расмӣ омадааст ва таъмини хатмкардагони буҷавӣ бо ҷойи кор рад карда шудааст.

«Боиси ташвиш аст, ки мавзӯи мазкур ба донишҷӯёни тариқи квота хатмкарда низ тааллуқ дорад. Давоми панҷ соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи ҳукуматҳои ноҳияҳо ба донишгоҳ ворид шудааст. Аз инҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд, ки ташвишовар аст»,- илова намуд Ректори донишгоҳ.

Мавсуф таъкид дошт, ки фиристодани донишҷӯён тариқи квота ба донишгоҳи мо аз натиҷагирии нодурусти ноҳияҳо мебошад. Зеро агар онҳо ба чунин мутахассисон ниёз надошта бошанд, чӣ зарурат пеш меояд, ки онҳоро ба ин ихтисос равона месозанд.

Ба иттилои Ҳайдар Одиназода, соли равон 1493 нафар донишгоҳро  хатм намуданд, ки аз ин шумора 22 нафари онҳо дипломи аъло гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ин донишгоҳ пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони соҳаи техникию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи факултетҳои он аз рӯи зиёда аз 82 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Июль 12, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид