Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд

Июль 5, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар ин замина, ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мунтазам тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.  Ин матлаб зимни ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангӣ, ки 4 июл дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи маъюбон доир шуд, баён гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ҳамоиши фарҳангӣ бо мақсади ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии онҳо гузаронида шуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш иброз шуд, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ  ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин замина, ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, таълиму тарбия ва тавонбахшиву мутобиқгардонии онҳо ба зиндагии фаъолона аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии  Ҳукумати  мамлакат  ба ҳисоб меравад.

Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид менамоян: «ҳеҷ як ятиму бепарастор ва шахси ниёзманд аз ғамхориву дастгириҳои доимии давлату ҳукумат бебаҳра нахоҳад монд».

Дар мамлакат барои маъюбон имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ муқаррар гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 июл дар мамлакат Рӯзи маъюбон эълон гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 5, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад