ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ҳаво гарми бебориш мешавад

Июль 17, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво  дар шаҳри Душанбе ба 40+42 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.     Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва   рӯзона    26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад.

Июль 17, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад