ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати рўзонаи ҳаво баланд мешавад

Июль 1, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 01.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1-2 июл дар ҷумҳурӣ эҳтимолияти воридшавии ҳавои гарм ва хушк аз ҳудуди нимҷазираи Араб, ҷумҳуриҳои Эрон, Туркманистон, Ўзбекистон ва шимоли Афғонистон дар назар аст. Эҳтимол меравад, ки ҳарорати рўзонаи ҳаво дар соатҳои нисфирўзӣ баланд шуда, дар водиҳои вилояти Хатлон то +45 дараҷа  гарм ва  дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ то 40+42 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+4 ва  рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  камабри бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19  ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 1, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар