Олимони ихтироъкори тоҷик бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд

Июль 4, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини  АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда,  доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти  ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд,  ғолибони озмуни  ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» гардида, бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки мақсад аз эълон ва гузаронидани озмун  пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ,  муаррифии ихтироот ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар,  ҳамчунин  аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ буд.

Ба нақли номбурда, озмун аз рӯйи се  номинатсия — «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи патент ё нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд. Дар озмун қариб 60 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд.

Бо қарори Комиссияи озмун инчунин як зумра олимон бо Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.

Ба Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи номинатсияи «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, номзади илмҳои физикаю математика Фарҳод Шокир сазовор дониста шуд.

Июль 4, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад