«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе

Ноябрь 27, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии мероси илмӣ, рушди мусиқии касбии тоҷик ва тамаддуни мусиқии Шарқ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ оғоз гардид, ки то 29 ноябр идома меёбад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки «таҷрибаи таърихии замони Борбади Марвазӣ нишон медиҳад, ки рушди пойдори фарҳангу ҳунар замоне имконпазир мегардад, ки эҷодиёти бадеӣ бо сиёсати хирадмандонаи давлатӣ тавъам бошад. Имрӯз мо бо ифтихор мебинем, ки ин суннати неки давлатдории ниёгон дар сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи шоиста пайдо кардааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид намудаанд, «…омӯзиши амиқи таърихи пурифтихор, эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба нобиғагону фарзандони фарзонаи миллат барои таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти калидӣ дорад».

Дар конфронс намояндагони ЮНЕСКО, Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), олимону донишмандони дохил ва хориҷи мамлакат масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Борбади Марвазӣ, мақоми ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ва Шарқ, осори мусиқии давраи Сосониён, созҳои мусиқии он давра, рушди мақом ва таъсири мероси Борбадро ба фарҳанги мусиқии минтақа мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Баргузории чунин ҳамоиши илмӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг ва илм, рушди мусиқишиносӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши мероси мусиқии миллӣ ва муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Гуфта шуд, ки Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар буда, хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надорад. Борбади Марвазӣ ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард. Ӯро чун сароянда, навозанда, мусиқидон ва асосгузори маҷмуи силсилавии мусиқии устодонаи Шарқ мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «ҳанӯз дар асрҳои миёна шахсиятҳои бузурги Шарқ — Абунасри Форобӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ном ва мероси Борбади Марвазиро дар осорашон васф намудаанд. Ин далели он шуда метавонад, ки имрӯз низ эҷодиёти Борбад дар саҳифаҳои ашъори шоирони ҳама давру замон ва рисолаҳои илмии манотиқи гуногуни олам васф гардидааст».

Дар баробари таъсир доштани осори Борбад ба санъати мусиқии устодона (мақомҳо), инчунин яке аз сабкҳо ва шаклҳои иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъанаҳои эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дошта, бо номи «Марвӣ» («Мавригӣ»), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъанаҳои мусиқии тоҷикон мавҷуд аст. Шахсият ва осори Борбад дар ҳар давру замон чун ромишгари бузург мавриди баррасии аҳли таҳқиқ ва ҳунару адаб қарор гирифтааст.

Директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар шаҳри Боку Ал-Сенан Абдулҳаким Фаҳад гуфт, ки «баргузории ин конфронс имкон медиҳад, ки эҳё ва паҳлуҳои дигари мероси Борбади Марвазӣ муаррифӣ гарданд. Баргузории чунин ҳамоишҳо имкон медиҳад, ки чунин мероси фарҳангӣ ба ояндагон ба мерос монад, зеро мусиқӣ бахше аз зиндагии мардум аст. Мо забони якдигарро намедонем, аммо бо шунидани мусиқӣ зарфияти онро дарк мекунем».

Иброз гардид, ки Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба муаррифии фарҳанг ва мусиқӣ аҳаммияти бештар медиҳад. Тоҷикистон дорои фарҳанг, анъана ва мероси ғанӣ мебошад. Мо низ барои талошҳои Тоҷикистон дар ҳифзу муаррифии фарҳангу мерос ҳамкорӣ менамоем.

Имрӯз, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

28 ноябр конфронси байналмилалии илмии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад. Дар назар аст, ки иштирокчиёни ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳамчунин бо маконҳои фарҳангии шаҳри Душанбе шинос гарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид