Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд

Ноябрь 27, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 27.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ оғоз гардид, ки он то 29 ноябр идома меёбад,  иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

           Конфронс ба таҳқиқ ва муаррифии мероси илмӣ, нақши Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии касбии тоҷик ва тамаддуни мусиқии Шарқ, аҳаммияти мероси Борбад дар рушди фарҳанги мусиқии муосир бахшида шуда, дар он маърузаҳои илмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.

Имрӯз соати 16:00 дар Театри давдатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

28 ноябр конфронси байналмилалии илмии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни ин ҳамоиши байналмилалӣ бо маконҳои фарҳангии шаҳри Душанбе шинос гарданд.

Баргузории чунин ҳамоиши илмӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг ва илм, рушди мусиқишиносӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши мероси мусиқии миллӣ ва муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамоиши байналмилалӣ ба хотири иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дода буданд, доир мегардад.

Борбади Марвазӣ аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар буда, хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надорад. Борбади Марвазӣ ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард. Ӯро чун сароянда, навозанда, мусиқидон, асосгузори маҷмуи силсилавии мусиқии устодонаи Шарқ эътироф менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд