Панҷ голи Дилшод Восиев ба дастаи «Хуҷанд» пирӯзӣ овард
ДУШАНБЕ 01.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозии мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолият»-и Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд бо ғалабаи калони соҳибони майдон ҷамъбаст шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлагари дастаи футболи «Хуҷанд» Дилшод Восиев дар ин вохӯрӣ панҷ дафъа ба задани гол даст ёфта, ба истилоҳ «пента-трик» анҷом дод. Ҳамлагари дигари мизбонон Турсуналӣ Рустамов се голро ба ҳадаф расонид. Як тӯби дигар ба ҳимоятгар Фирдавс Чақалов рабт дорад. Шогирдони Виталий Левченко бо ин пирӯзии калон ба зинаи дуюми ҷадвал баромаданд. Ҳоло дар ҳисоби онҳо баъди 10 бозӣ 17 хол аст.
Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии дигари мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати мамлакат дастаи футболи «Истаравшан»-и Истаравшан бар дастаи «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода ғолиб омад. Ин вохӯрӣ дирӯз дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ҷамъбаст гардид. Дар дақиқаи 20-уми рақобат Қаҳрамон Ҳомидов ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 42-уюми вохӯрӣ ҳамлагари дастаи меҳмонон Акбар Шелдорӣ ҳисобро баробар намуд. Соҳибони майдон дар дақиқаи 43-юм боз ба пеш баромаданд. Ба ҳамин тартиб дастаи футболи «Истаравшан» бо 11 хол мавқеи худро дар зинаи шашуми ҷадвал мустаҳкамтар кард.
Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум
«Хуҷанд» — «Панҷшер» — 9:0
Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (1:0). Дилшод Восиев, 14 (2:0). Турсуналӣ Рустамов, 16 (3:0). Турсуналӣ Рустамов, 18 (4:0). Турсуналӣ Рустамов, 23 (5:0). Дилшод Восиев, 30 (6:0). Дилшод Восиев, 50 (7:0). Фирдавс Чақалов, 63 (8:0). Дилшод Восиев, 68 — аз пеналти (9:0).
«Истаравшан» — «Регар ТадАЗ» — 2:1
Голҳо: Қаҳрамон Ҳомидов, 20 (1:0). Акбари Шелдорӣ, 42 (1:1). Насим Расулов, 43 (2:1).








Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад






