Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Заминҳои Боғи “Чашмаи Нуқра” низ дар як мавзеи беоб ҷойгир буд ва дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлонаи коргарон дар муҳлати кутоҳи се чор соли охир ин мавзеъ ба як минтақаи обод мубаддал гардид.
Нашъунамои хуби дарахтон ва ҷамъоварии ҳосили фаровони дарахтони мевадиҳандаи боғ натиҷаи бобарори талошҳҳои судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” 1130 гектар буда, 402 гектарро майдони боғу токзор ва қитъаҳои боқимондаро заминҳои талу теппа ва чарогоҳ ташкил медиҳад.
Боғдорон дар майдони 32,6 га ангур ва дар заминҳои боқимондаи боғ навъҳои беҳтарини дарахтони биҳӣ, бодом, гелос, зардолу, нок, олу, олуча, олучабандак, себ, хуч, чормағз ва дигар меваҷот парвариш мекунанд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғу токзор дар Боғи “Чашмаи Нуқра” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, нигоҳубини хуби дарахтон, истеҳсол ва содироти меваҷот ҳидоят карданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






