Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар шаҳри Минск иштирок намуданд

Июль 1, 2019 02:40

ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Минск дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии «Динамо» иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ширкат варзиданд.

Бозиҳои аврупоӣ маҷмӯи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад.

Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои аврупо байни ҳам рақобат карданд.

Ба Бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, муҳорибаи озод, юнонию римӣ, велосипедронии занона, шиноварӣ, гуштини «Дзюдо»-ву «Самбо», каратэ, тенниси рӯи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошанд.

Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони «Вақти ғалабаҳои бузург» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз рӯи 15 намуди варзиш талош варзиданд.

Иштирок дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар шаҳри Минск 01.07.2019

Июль 1, 2019 02:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд