Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз дидору вохӯрии судманд бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев дар ҳошияи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҳар як мулоқоту вохӯрии сатҳи олӣ ва баланд ба рушди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат мусоидат менамояд.
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии гарму самимии ҳайати расмии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, натиҷаҳои сафари расмияшро ба Тоҷикистон бобарор арзёбӣ кард.
Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Қазоқистон дар муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мавқеи шоиста дошта, рушду густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо ин давлат дар авлавияти сиёсати хориҷии роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот муҳимияти истифодаи пурраи имконоту захираҳои мавҷударо, аз ҷумла дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти давлатҳо, таҳкими фаъолияти Шӯрои корӣ ва истифодаи самараноки майдони музокироту вохӯриҳои дуҷониба дар ҳама сатҳу зинаҳо барои амалисозии нақшаҳо дар ин самт баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон омодааст ба сармоягузорони ҷониби Қазоқистон як қатор лоиҳаҳои ояндадорро, аз ҷумла дар соҳаҳои агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, коркарду истихроҷи маъдан ва нақлиёту коммуникатсия пешниҳод намояд.
Доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи имтиёзноки роҳҳои оҳану мошингард ва баҳрии Қазоқистон барои баромадан ба кишвари сеюм ва интиқоли молу маҳсулот ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Ҳарду ҷониб барои рушди бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд






