ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Мегӯянд, 5 июл – Рӯзи пайдоиши сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Оё ин дуруст аст?
ДУШАНБЕ, 05.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Суқрот дар вақташ гуфта буд: «Ман медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам». Ва Антон Чехов гуфтааст: «Ҳама чиро танҳо даунҳо (одамони ноқисулақл) ва лутиҳо (қаллобон ва фиребгарон) медонанд. Касони солим ҳамеша ниёз ба пурсиш доранд…».
САВОЛ: Ҳоло рушди сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла АМИТ “Ховар” ҳамарӯза дар бораи имкониятҳои ин соҳа дар Тоҷикистон хабару гузоришҳо нашр мекунанд. Вобаста ба ин як чиро пурсидан мехостам: мегӯянд, ки имрӯз, 5 июл – рӯзи пайдоиши сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои чӣ маҳз ҳамин рӯз? Дар ин рӯз кай ва чӣ ҳодиса рӯй додааст?
Давлатбек АБДУРАҲИМОВ,
устои сохтмони НБО-и Роғун
Ба ин савол шореҳи АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР чунин посух медиҳад:
-Агар ҳар гуна саёҳатро туризм гӯем, пас он аз давраҳои антиқа паҳн шуда буд. Вале 178 сол муқаддам дар ин рӯз, яъне 5 июли соли 1841 аввалин сафари муташаккили сайёҳӣ анҷом пазируфтааст. Маҳз дар ин рӯз тоҷири британиягӣ Томас Кук нахустин маротиба тавассути қатора сафари сайёҳӣ ташкил намудааст, ки ба ҳайати он 570 нафар шомил буданд.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳои интернетӣ, роҳбарияти ширкати роҳи оҳан ин ташаббуси Томасро ба назар гирифта, қатораи махсус ҷудо намуд. Бояд гуфт, ки аввалҳо хатсайри саёҳати Томас миёни шаҳрҳои Лейстер ва Лафбои Англияро фаро мегирифт.
Бо мақсади таблиғи роҳи оҳан роҳбарияти он ба Томас тахфиф пешниҳод намуданд ва ин иқдом тавонист ба роҳандозии сафарҳои фароғатӣ барои ҳама, аз ҷумла, шахсони дорои шароити маҳдуди молиявӣ замина гузорад. Аз ин хотир, довталабони ӯ на садҳо, балки ҳазорон нафарро ташкил доданд.
Тавре маълум мегардад, аз ҷониби роҳбарияти роҳи оҳан пешниҳод гардидани тахфиф ба кори минбаъдаи Томас такони ҷиддӣ бахшид. Зеро ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, то ки нархи саёҳат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа дастрас бошад. Ин иқдом ва кӯшишҳои пайвастаи Томас ӯро муваффақ гардониданд, зеро роҳи асосии расидан ба ҳадафҳои оянда паст намудани нархи хизматрасонӣ ва ба ин восита зиёд намудани муштариён — сайёҳон мебошад, ки соҳибкори британиягӣ ҳанӯз зиёда аз 175 сол пеш онро сармашқи кори худ қарор дода буд.
Ҳоло ин мисолро айнан дар мамлакати мо низ мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро тайи чанд соли охир бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат рушд ёфта, ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон ба маротиб афзуд.
Аз ҷумла, мақомоти ваколатдори соҳа- Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд.
Тавре дар Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 омадааст: «Соли 2015 дар ҷаҳон қариб 1 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудаанд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,6 миллиард ва то соли 2030 ба 2 миллиард сафарҳои сайёҳӣ мерасад. Дар ин радиф, суръати солонаи рушди иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда 2,2 фоиз ва дар мамлакатҳои рў ба тараққӣ ду маротиба зиёд, яъне 4,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки то соли 2020 шумораи сайёҳони мамлакатҳои рў ба тараққӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда афзоиш меёбад».
Яъне аз ин бармеояд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон ҳамеша рӯ ба рушд буда, он метавонад дар иқтисодиёти мамлакатҳо ва умуман дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд. Дар маҷмӯъ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мустаҳкам гардид.
Зимнан, оғози саёҳати гурӯҳии ҷаҳонӣ низ бо ташаббуси Томас Кук асос ёфта, баъдан марҳила ба марҳила ӯ географияи фаъолияти худро тағйир додааст. Яъне баъдан саёҳат доимӣ шуда, соли 1850 ба шаҳрҳои мухталифи аврупоӣ хатсайрҳо кушода шудаанд. Соли 1865, яъне бо гузашти 24 сол Томас Кук фаъолияти худро густариш дода, минбаъд тавассути «Thomas Cook & Son»- аввалин ширкати махсусгардонидашуда барои ташкили сафарҳои сайёҳӣ онро идома бахшид. Аввалин мизоҷи ширкати ӯ нависанда, журналист ва ходими ҷамъиятӣ Марк Твен буд.
Томас ҳоло ҳамчун «ихтироъкори сайёҳӣ», «падари тиҷорати сайёҳӣ», «асосгузори сайёҳӣ» ва даҳҳо унвонҳои дигар ёд карда мешавад.
Имрӯз «Thomas Cook & Son» шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, он бо номи «Thomas Cook Group» фаъолият карда истодааст. Ширкат 186 меҳмонхонаву истироҳатгоҳ, 100 ҳавопаймо, бештар аз 11 миллион муштарӣ ва дигар боигариро дар ихтиёр дорад. Арзиши дороиҳои ширкат соли 2016 зиёда аз 950 миллион долларро ташкил додааст.
Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки Томас Кук фаъолияти худро аз ташкил намудани гурӯҳи 570-нафараи сайёҳон оғоз намуда, имрӯз бо вуҷуди он, ки аз вафоташ 127 сол гузаштааст, ширкати ӯ бештар аз 11 миллион муштарӣ дорад.
Яъне сайёҳӣ соҳаи рӯ ба рушд буда, сиёсати давлатӣ бояд дар ин самт дурандешона амалӣ карда шавад. Намунаи чунин сиёсати оқлонаву дурандешона дар мамлакати мо амалӣ гардида истодааст, ки дар ду соли охир соҳа ба таври назаррас рушд намуд.
Аз ҷумла, натиҷаи тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон бо назардошти захираҳои бойи сайёҳӣ, табиати зебо ва обҳои мусаффову кӯҳҳои осмонбӯс дар раддабандии байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол намуд.
Аз ҷумла, Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дод.
Институти таҳқиқотии иқтисод ва сулҳ (Institute of Economy and Peace) феҳрасти нави индекси кишварҳои амниятиро интишор сохт, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 зина боло рафтааст. Дар ин гурӯҳ Тоҷикистон аз Туркманистон, Арманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия, Туркия ва Исроил боло меистад.
Хотиррасон бояд намуд, ки Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвилӣ дар робита ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат эълон гардид, чунин изҳор дошта буд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон боис мегардад, миннатдорам».
ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ, аз бахши мо — «Пурсед, ҷавоб медиҳем» истифода намоед. Ин бахш ба Шумо имкон медиҳад, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон аз роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷавобҳои мушаххас гиред. Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронии зерин ирсол намоед: vopros-otvet@khovar.tj
Пурсед, ҳатман ҷавоб медиҳем!