Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ амалиёти «Муоинаи техникӣ» роҳандозӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 25 июли соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ»-ро ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ»- ин пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникии мошинҳо, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо мебошад.
Аз ин хотир Раёсати БДА аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳм гузоранд.
Телефонҳо барои тамос: 235-45-45; 93 111 01 33








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






