Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Хадамоти алоқа соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ меорояд.
Роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишастро доир мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






