Сафири Босния аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Июль 31, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Босния ва Гертсеговина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Самир Веладзик баъд аз супоридани эътимодномаи хеш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.  

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи     давлатии  «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев  иттилоъ дод, меҳмонро роҳбарияти Осорхонаи миллӣ  истиқбол гирифта, барои дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои номбурда, сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гўшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа» ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.

Ба ин восита меҳмон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шуръ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардида, аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуд.

Ҳамчунин меҳмон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

 

Июль 31, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд