Санаи бозии финали Мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ маълум гардид

Июль 18, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  19 июли соли равон бозии финали  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби  футболи Тоҷикистон ва Кореяи  Шимолӣ дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон   баргузор  мешавад. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Бояд зикр кард, ки   бозии охирини  марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни  дастаҳои футболи  мунтахаби Ҳиндустон  ва   Сурия 16 июли соли 2019  дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон   дар сатҳи баланду хотирмон  баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом  расид. Баъд аз анҷоми ин рақобат ҳарифи дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Мусобиқаи байналмилалии байниминтақавии қаҳрамонҳо-2019 маълум гардид.       Боз ҳам шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби  Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Вохӯрии дастаҳо 19  июл, соати 19:30 (бо вақти Душанбе) сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки  15 июли  соли равон  дар шаҳри Аҳмадободи  Ҷумҳурии Ҳиндустон   дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз дастаи мунтахаби  Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гашт. Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид намуд.

Аммо ин нокомӣ барои роҳ ёфтани дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ба бозии ниҳоӣ, ки интизор меравад 19  июли соли 2019 доир шавад, монеа нашуд. Дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) ғалаба карда, 6 имтиёз ба даст оварданд.

Ҷоми байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Бозии 3-юм

Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Ри Хёнг Чжин, 33.

Бояд зикр кард, ки   7 июли соли  равон  дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.   Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки  дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд. 

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 1-ум

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4

Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).

Бояд гуфт, ки  10 июли соли 2019  бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби  Тоҷикистон ва Сурия дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон  дар сатҳи баланду хотирмон доир  шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.  Дар  ин дидори ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро  Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 2-юм      

ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳом Баротов, 67 (2:0).

Мавриди зикр аст, ки  Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии мамлакат дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо сабаби он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои  бозингарони  Сурия дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Рустам баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ маблағи пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд.

Финал                                                

 19 июл (ҷумъа)        

Оғози бозӣ соати 19:30 бо вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Кореяи Шимолӣ

 

Июль 18, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод