Шаш паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Загреб иштирок мекунанд

Июль 25, 2019 15:42

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 26  то 28  июли соли равон  дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2019» баргузор мешавад.  Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 635 нафар варзишгар аз ҷумлаи 376 мард ва 258 зан аз 90 кишвари сайёра дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохта-  Хаёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд. Зимнан, мусобиқаи  «Zagreb Grand Prix 2019», ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад, то соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  дзюдо дар «Zagreb Grand Prix 2019»:

  1. Ҷабборов Хаёмиддин- 66 кг
  2. Сомон Маҳмадбеков- 73 кг
  3. Беҳрӯзи Хоҷазода- 73 кг
  4. Акмал Муродов- 81кг
  5. Комроншоҳи Устопириён- 90 кг
  6. Темур Раҳимов +100кг

 

Июль 25, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд